Коҳиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2015

Июль 14, 2015 06:04

Душанбе, 14.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2015 ба маблағи 2 миллиарду 5,1 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 563,4 млн. доллар кам гардида, 78,1%-ро ташкил додааст. Ин нуктаро раиси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдуфаттоҳ Ғоиб имрӯз, 14-уми июл зимни ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон иброз дошт.
Бино ба гуфтаи мавсуф, аз ин маблағи умумии тиҷорати хориҷӣ 1 миллиарду 574,8 миллион доллар ба воридот ва 430,3 млн. доллар ба содирот рост меояд. Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 981,8 млн. доллар ё 49 дарсади гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 116,1 млн. доллар ба содирот ва 865,7 млн. доллар ба воридот мансуб аст. 
Ба таъкиди раиси Хадамоти мазкур, дар умум ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 27,8 дарсад, Швейтсария 21,5 дарсад, Қазоқистон 18,5 дарсад, Эрон 7,1дарсад, Русия 6,6дарсад, Афғонистон 4,2 дарсад ва Покистон 3,2 дарсад марбут мебошад.
 -Воридоти асосии мол аз мамлакатҳои Русия 31,6%, Чин 17,1%, Қазоқистон- 16,8%, Эрон 4,2%, Туркия 4%, Туркманистон 3,5%, Литва 2,8%, Швейтсария 2,6%, Покистон 1,7% ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,6% ташкил медиҳад,-гуфт Абдуфатоҳ Ғоиб дар нишасти хабарии Хадамоти гумрук ба хабарнигорон.

 

Июль 14, 2015 06:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид