«Корвон» аз Олмон ва «Сафариён» аз Туркия тарроҳ овардаанд

Июль 2, 2015 05:23

        Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Масъулини бозорҳои «Корвон» ва «Сафариён»-и пойтахт ҷиҳати бо либоси ягона таъмин намудани фурӯшандаҳои растаҳои бозорҳо аз Олмон ва Туркия тарроҳ овардаанд. Ин тарроҳон дар ширкатҳои бонуфузи дӯзандагии Аврупо фаъолият дошта, бо худ ҳамзамон намунаи либосҳоеро, ки фурӯшандаҳо ба бар менамоянд, овардаанд
   Сайфулло Амонов- сардори  Раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  шоми имрӯз бо ҳузури шаҳрдори Душанбе,  роҳбарияти бозорҳои пойтахт, масъулини ширкатҳои дӯзандагӣ ва корхонаҳое, ки ба истеҳсоли матоъ машғуланд, вохӯрӣ баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин вохӯрӣ масъалаи бо либоси ягонаи намунавӣ таъмин намудани фурӯшандаҳои бозорҳои шаҳр, инчунин интихоби тарҳи либос ва матои он мутобиқ ба иқлими  кишварамон матраҳ мегардад.
      Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон-Президенти Тоҷикистон 
   зимни суханронияш ба муносибати «Рӯзи модар» ва «Соли оила» аз тарзи либоспӯшии занону духтарони тоҷик изҳори нигаронӣ намуда, гуфта буд, ки: «Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд». Дар иртибот ба ин масъала Президенти кишвар ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот», раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳон тарҳи либосҳои намунавиро барои шахсоне, ки дар бозору фурӯшгоҳҳо, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд, омода карда, истифодаи онҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
 

 

 

Июль 2, 2015 05:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид