Кумакҳои пулии Сарвари давлат ба оилаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои шиносоӣ бо оқибатҳои офати табиӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.
Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ нахуст аз минтақаҳои аз офати табиӣ хисоротдидаи ноҳияи Ванҷ боздид намуд. Зимни боздид маълум гардид, ки дар ин ноҳия бар асари фаромадани сел ва боло рафтани оби дарёҳои минтақа 35 хона, аз ҷумла 11 хона пурра ва 24 хона қисман вайрон шудааст.
Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ кумаки пулии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаҳое, ки хонаҳояшон бар асари офатҳои табиӣ пурра ё қиман вайрон шудаанд, расонид.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар оилаи хонаҳояшон аз офатҳои табиӣ пурра вайроншуда 10 ҳазор сомонӣ ва бароиҳар оилаи хонаҳояшон қисман зарардида 6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ имрӯз пас аз зуҳр ба ноҳияи Шуғнон сафар карда, бо мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардида шинос мешавад ва кумакҳои пулии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда ва қисман зарардида мерасонанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






