Кумаки ҲХДТ ба осебдидаҳои Бадахшон

Июль 20, 2015 07:10

Душанбе, 20.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва созмони ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» хабари офати табиӣ ва селу обхезии дарёи Ғунди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро, ки бар асари он қариб 50 хонаи истиқоматӣ, мактабу нуқтаҳои савдо, пулҳо ва роҳу боғот хисороти калон диданд, шунида, тасмим гирифтанд, ки ба осебдидагон кумак расонанд.
Тавре ки сухангўи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ҷаласаи изтирории дастгоҳи КИМ ҲХДТ, ки таҳти раёсати муовини якуми раиси ҳизб С. Фаттоҳзода барпо гардид, қарор дода шуд, ки аз ҳисоби махсуси ҳизб ба зарардидаҳои офат як миқдор маблағ ҷудо  шавад. Ҳамзамон ба созмонҳои ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар супориш дода шуд, ки дар мавриди расондани ёриҳои моддию маънавӣ ба сокинони минтақаи осебрасида иқдом намоянд.
Тибқи иттилои расида аз комиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ аллакай аксарияти ташкилот ба ин дастур вокуниши оҷил нишон дода истодаанд. Аз ҷумла, ташкилоти ҳизбии вилояти Хатлон аз аввалинҳо шуда, ба ҷамъоварии маблағ оғоз намуд. Ҳизбиёни вилоят то ин лаҳзаҳо беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда, барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ирсол карданд. Бархе аз созмонҳои ҳизбӣ, фаъолон ва соҳибкорони саховатманди аъзои ҳизб  тасмим гирифтанд, ки барои зарардидаҳо маводи озуқа, масолеҳи сохтмонӣ, хаймаҳо ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввал ҷамъ оварда, ба ниёзмандони минтақаи офати табиӣ фиристонанд.
-Аъзои фаъоли ҳизби мо дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҳамин шабу рўзҳо дар паҳлуи осебдидагони офати табиӣ қарор дошта, дар бобати бартараф намудани оқибатҳои селу обхезӣ саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Ин қарзи ватандорию шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки дар лаҳзаҳои мушкил дар паҳлуи зарардидаҳо ва ниёзмандон бошем ва тибқи шароиту имкониятҳои доштаамон кўмаки хешро дареғ надорем,- иброз дошт муовини якуми раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода.

 

Июль 20, 2015 07:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад