Кумитаи сармоягузорӣ: дар се моҳ 201,6 млн. доллар сармояи хориҷӣ ворид шуд
Душанбе, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, азхудкунии маблағҳо дар нимсолаи якуми соли 2015 899,6 млн. сомониро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти расмӣ воридоти сармояи хориҷӣ дар семоҳаи якуми соли равон 201,6 млн. долларро ташкил додааст, ки аз он 96,6 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим мебошад.
Ба иттилои манбаъ, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ асосан ба соҳаҳои омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, саноат, саноати масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ равона гардидааст.
Гуфта мешавад, ки дар давраи ҳисоботӣ кумита корро дар самти ҷалби бештари сармоягузории мустақим тақвият бахшидааст. Аз ҷумла, вобаста ба таҳияву татбиқи созишномаҳои сармоягузорӣ бо ширкати «Кока-Кола Ичечек А.С», ширкати «Хуаксин семент Ко ЛТД», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Ширкати байналмиллалии Чжунгсай моҳир семент», ширкати «Ходай групп», ҶДММ «Пакрут» корҳо идома дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






