Л. Файзуллоев: маблағи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ — 14,1 млрд. сомонӣ
Душанбе, 27.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Дар самти ташаккулу татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бояд зикр намуд, ки маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар ҷумҳурӣ то 1-уми июли соли 2015 аз 54 лоиҳа иборат буда, маблағи умумии он 14,1 млрд. сомонӣ ё 2,25 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад,- гуфт Лочин Файзуллозода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ бо шарикони рушди кишвар 5 созишномаи нав бо маблағи умумии 123,5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки 67 фоизи онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда то 1-уми июли соли равон 6,76 млрд. сомонӣ аз худ карда шудааст, ки ин 48 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.
Маҷмӯи лоиҳаҳо зиёда аз 10 соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар гирифта, дар таркиби онҳо маблағҳои қарзӣ- 45 фоиз, маблағҳои грантӣ- 47 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- 6,7 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла, ҳиссаи ширкатҳои давлатӣ ва ҷамоаҳо- 1,3 фоизро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






