Лоиҳаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бар зидди хариду фурӯши одамон
Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Бо маблағгузории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони ҷаҳони муосир» лоиҳаи “Ҳуқуқ, ҳаёт, қадр, номус ва озодиҳои ҷавононро ҳифз менамоем”-ро амалӣ менамояд.
Лоиҳаи мазкур се моҳро дар бар гирифта, мақсад аз он пешгирии хариду фурӯши одамон тавассути баргузории барномаҳои театри сайёр мебошад.
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ин лоиҳа фарогири ҷавонони шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Вахш, Кӯлоб ва Нораки вилояти Хатлон буда, мавзўъҳои семинарро “Ифротгароӣ- омили афзоиши хариду фурӯши инсон”, “Нашъаҷалобӣ- доғи ҷавонӣ”, “Танфурўшӣ — кафили хариду фурӯши инсон» ва“Ғуломӣ дар муҳоҷират” ташкил медиҳанд.
То кунун 10 нафар ҷавони фаъол дар ин самт омода гардида, саҳначаҳо тибқи нақша дар минтақаҳои интихобӣ намоиш дода мешаванд.
Масъулин ҳадаф аз баргузории чунин семинарҳоро тавассути театри сайёр барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа муҳим меҳисобанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






