Лю Тао: Имконияти воқеии бастани шартнома ба маблағи 500 млн. доллар вуҷуд дорад
Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ноиби Президенти шуъбаи Синзянии Бонки давлатии рушди Чин Лю Тао 2 июл дар ҷараёни мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ва коршиносон оид ба таҳлили барномаҳои ҳамкории ин бонк изҳор намуд, ки баъди муҳокима ва таҳлили тамоми паҳлуҳои ҳамкории минбаъда имконияти воқеии бастани шартнома оид ба ҷудо намудани қарз ба маблағи 500 млн. доллари ИМА вуҷуд дорад.
Лю Тао аз ҷумла зикр намуд, ки мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон муҳокимаи паҳлуҳои масъала оид ба ҷудо намудани қарз мебошад.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои вусъат додани ҳамкории дуҷонибаи судманд мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки вазъи макроиқтисодии мамлакат дар панҷ моҳи соли равон муътадил буда, бинобар зиёд шудани ҳаҷми амонатҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, афзоиш ёфтани пешниҳоди қарз ба субъектҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва ба андозаи 7 фоиз зиёд шудани даромад ба ҳар сари аҳолӣ, эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар қавитар гашта истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон омодааст уҳдадориҳои дар наздаш бударо сари вақт иҷро намояд. Дар робита ба ин, барои дастгирии тавозуни пардохт, қурби пули миллӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, коркарди маъданҳои куҳӣ ва соҳибкории хурду миёна иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳоло ба ҷалби тақрибан 500 млн. долл. ИМА қарзи дарозмуддати имтиёзнок ниёз дорад.
Гурӯҳи кории Бонки миллии Тоҷикистон, ки маҳз бо мақсади пеш бурдани машваратҳо оид ба ин масъала ташкил шуда буд, омодааст бо ҳамкасбони чинии худ корро оғоз намояд.
Дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба қароре омаданд, ки гурӯҳҳои кории Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии рушди Чин баъди чанде дар шаҳри Пекин машварати дар шаҳри Душанбе оғозёфтаро идома диҳанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






