“Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон» -конфронс дар ВМКБ

Июль 14, 2015 05:35

Душанбе, 14.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар доираи Конфронси илмӣ — амалӣ таҳти унвони  “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ (ифротгароӣ)”, ки рӯзҳои 12-16 июли соли равон дар шаҳри Хоруғ доир мегардад, бештар аз 150 нафар ҷавони касбу кори гуногун аз мавзеьҳои таьрихӣ ва саёҳии ВМКБ дидан намуд. Ин тадбир ҷиҳати татбиқи Соли рушди туризми дохилӣ рӯи даст гирифта шуда, барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳии мамлакат заминаи мусоид мегузорад.
  Ҷавонони фаьоли мамлакат, ки  аксари онҳо бори аввал ба вилоят сафар намуданд, аз ҷойҳои таьрихӣ, мавзеьҳои диданӣ, минтақаҳои сайёҳии вилоят дидан намуда, бо урфу одат, аньанаҳои кадимаи мардумӣ аз наздик ошно гардиданд. 
Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттидооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ, масъулин мақсад аз доир намудани хатсайри сайёҳиро  барои муаррифии имкониятҳои соҳаи сайёҳии кишвар муҳим шуморида, изҳор доштанд, ки ин метавонад дар оянда барои афзун намудани шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ заминаи мусоид гузорад.
 Хатсайри сайёҳӣ барои ҷавонон аз даромадгоҳи ноҳияи Дарвоз оғоз гардида, дар ин ҷо иштирокдорон аз истироҳатгоҳи Чорчаман дидан карданд. Ин минтақаи зебо бо боду ҳаво ва табиати нотакрораш  як  гӯшаи зебои Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд. Шароити мусоид барои истироҳат ва бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардидани он таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардааст. 
Дар идомаи хатсайри сайёҳӣ иштирокдорон ба ноҳия Ванҷ сафар карда, аз маркази нохия дидан карданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон  ҷавононро бо як шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифтанд. Дар идома иштирокдорони фестивал тавассути Шуғнон вориди шаҳри Хоруғи ВМКБ гардиданд. Интизор меравад имрӯз дар доираи Конфронси илми амалӣ, ки бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ доир гардад, иштирокдорон аз Боғи ботаникӣ, НБО «Помир энерҷӣ», чойхонаи миллӣ  ва дигар ҷойҳои сайёҳии вилоят дидан намоянд. Ёдрас мешавем, ки корвони беш аз 150 нафараи ҷавонон, ки аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ гирди ҳам омадаанд, таҳти  шиори “Мо Бадахшон меравем!” шоми дирӯз ба маркази вилоят- шаҳри Хоруғ ворид гардид.

 

Июль 14, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид