Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ корҳои тарбиявиро миёни хизматчиёни ҳарбӣ вусъат медиҳад

Июль 15, 2015 04:55

Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони  мақомоти прокуратураи ҳарбӣ вазифадор шудаанд, ки корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро дар байни хизматчиёни ҳарбӣ вусъат бахшанд.  Ин нукта зимни ҷаласае, ки дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод баргузор гардид, ироа  шуд. Дар  ҷаласа  масъулин пеш аз ҳама бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ ва огоҳкунӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мавриди муҳокима қарор доданд.
Бино ба хабари Вазорати мудофиа, чунин як чорабинии машваратӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки масъулини Прокуратураи ҳарбӣ, сохторҳои қудратӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Хатлон низ доир гардид. Зимни баргузории он кормандони ҳифзи ҳуқуқ як зумра масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар  ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон роҳу усулҳои баланд бардоштани донишҳои ҳарбӣ-сиёсии ҷавонон пешниҳод гардиданд. 

Июль 15, 2015 04:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст