Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ корҳои тарбиявиро миёни хизматчиёни ҳарбӣ вусъат медиҳад
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ вазифадор шудаанд, ки корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳиро дар байни хизматчиёни ҳарбӣ вусъат бахшанд. Ин нукта зимни ҷаласае, ки дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ таҳти роҳбарии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод баргузор гардид, ироа шуд. Дар ҷаласа масъулин пеш аз ҳама бурдани корҳои фаҳмондадиҳиро барои пешгирӣ ва огоҳкунӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳу равияҳои ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мавриди муҳокима қарор доданд.
Бино ба хабари Вазорати мудофиа, чунин як чорабинии машваратӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки масъулини Прокуратураи ҳарбӣ, сохторҳои қудратӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Хатлон низ доир гардид. Зимни баргузории он кормандони ҳифзи ҳуқуқ як зумра масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон роҳу усулҳои баланд бардоштани донишҳои ҳарбӣ-сиёсии ҷавонон пешниҳод гардиданд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






