Маҳви 24 ситезаҷӯ дар Афғонистон
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Неруҳои артиши миллии Афғонистон дар ҳамлаҳои 24 соати гузаштаи худ 21 ситезаҷӯро маҳв карда ва 17 нафари дигарро захмӣ намуданд. Ба гузориши хабаргузории «Хомапресс», Вазорати дифои Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, ки неруҳои артиши ин кишвар дар амалиёти заминӣ ва ҳавоӣ ситезаҷӯёнро дар вилоятҳои Пактиё, Форёб, Урузгон, Ҳилманд ва бахшҳое аз Кобул ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар ин амалиёт миқдори зиёде аз силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва 10 мототсиклро нобуд сохтанд. Бар асоси гузоришҳои маҳаллӣ дар вилоятҳое, ки дар онҳо амалиёт сурат гирифтааст, даргирӣ ва хушунат то ҳадде коҳиш ёфтааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






