Маҳви даҳҳо террористи ДИИШ дар Ироқ
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Мақомоти амниятии Ироқ аз кушта ва захмӣ шудани даҳҳо террористи ДИИШ дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар хабар дод. Ба гузориши сомонаи хабарии » Ас-Сумирия Нюс», Вазорати дифои Ироқ эълом кард, ки 18 узви террористии ДИИШ дар бомбаборони шаҳри Фалуҷа дар вилояти Анбор маҳв гардид. Ин манбаъ меафзояд, ки дар ин ҳамлаҳо як анбори сӯхти вобаста ба аъзои ин гурӯҳ низ нобуд гардидааст. Аз ҷониби дигар як манбаи амниятӣ дар вилояти Киркук иброз намудааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ 35 узви ДИИШ дар минтақаҳои мухталифи ин вилоят кушта ва захмӣ шудааст. Вай афзуд, ки панҷ пойгоҳи террористӣ дар деҳаҳои минтақаи Ҳума ҳадаф қарор гирифтаанд, ки 15 нафар маҳв ва 20 нафари дигар аз ин гурӯҳ захмӣ гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






