ММТ: ҷавобҳои дуруст дар сомонаи марказ гузошта шуданд
Душанбе, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест, ки дар қисми А (имтиҳони умумӣ) барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 1‑ум, 2‑юм, 3‑юм, 4‑ум ва 5‑ум пешниҳод шуданд, дар сомонаи марказ гузошта шуданд.
Хотиррасон менамоем, ки натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани холҳои гузариш ва роҳ ёфтан ё наёфтан ба озмуни тақсимот пас аз тамом шудани имтиҳонҳо ва коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон 25‑уми июли соли равон эълон мешаванд.
Гуфта мешавад, ки раванди гузоштани нусхаҳои варақаҳои ҷавобҳо дар кабинетҳои инфиродии довталабон дар айни замон идома дорад. Китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҷавобҳои дуруст, ки дар кабинети инфиродӣ ва сомонаи марказ ҷойгир шудаанд, ба Шумо имкон медиҳанд, ки холҳои бадастовардаатонро шахсан ва мустақилона ҳисоб намоед, ки ин тақаллуби натиҷаҳо ва имкони аз тарафи шахсони “нопок” фиреб додани довталабонро аз байн мебарад. Маълумоти муфассалро дар бораи меъёри холгузорӣ вобаста ба навъи саволу масъалаи тест метавонед аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” дастрас намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






