ММТ: Барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабоне, ки рамзи кабинети инфиродии худро фаромӯш кардаанд ё бинобар хато будани рамз ба он ворид шуда наметавонанд, мерасонад, ки тартиби барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии довталаб чунин аст:
1. Агар довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишонии почтаи электронии худро қайд намуда бошад, он дар маълумоти бақайдгириаш ворид карда мешавад. Бо истифода аз имконияти (пайванди) Рамзро фаромӯш кардед? довталаб метавонад рамзи воридшавӣ ба кабинети инфиродии худро барқарор намояд. Барои муайян кардани ворид карда шудан ё нашудани нишонии почтаи электронии довталаб дар маълумоти бақайдгириаш довталаб бояд ба майдони Почтаи электронӣ (e-Mail)-и варақаи бақайдгириаш нигоҳ кунад. Агар дар майдони мазкур нишонии почтаи электронии довталаб қайд гардида бошад, пас, довталаб бояд пайванди Рамзро фаромӯш кардед?-ро пахш намояд. Баъд аз пахши ин пайванд довталаб рақами назоратӣ ва нишонии почтаи электрониашро дар майдонҳои дахлдор бояд дохил кунад. Пас аз ин ба почтаи электронии довталаб рамзи муваққатии нав, ки он ба таври худкор (автоматӣ) тартиб дода мешавад, меояд.
2. Агар довталаб дар вақти бақайдгирӣ нишонии почтаи электронии худро нишон надода бошад, зарур аст, ки довталаб барои барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродии худ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намояд. Яке аз роҳҳои осон барои пешниҳоди ариза ба Марказ дар ин хусус истифодаи почтаи электронӣ аст.
Гуфта мешавад, ки довталаб барои барқарор кардани рамзи кабинети инфиродиаш бояд аз почтаи электронии худ ба почтаи электронии Марказ — office@ntc.tj ё info@ntc.tj ариза пешниҳод намояд. Хотиррасон менамоем, ки матни ариза дар майдони матни мактуби электронӣ навишта мешавад ва пайваст кардани файли алоҳидаи ариза зарур нест. Дар ариза бояд маълумоти зерин дуруст дарҷ шавад:
(1) насаб, ном ва номи падари довталаб мувофиқи шиноснома, ки он инчунин дар варақаи бақайдгирии довталаб дарҷ гардидааст,
(2) рақами назоратии довталаб, ки дар варақаи бақайдгирии довталаб навишта шудааст,
(3) нишонии почтаи электронии довталаб барои истифодаи фардӣ, ки он ба пойгоҳи додаҳои бақайдгирӣ дар алоқамандӣ бо рақами назоратии довталаб ворид мешавад,
(4) рақами телефон(ҳо)-и фаъоли довталаб, ки дар зарурат ба воситаи он(ҳо) бо довталаб дар тамос шудан мумкин бошад.
Пас аз ворид шудани ариза ба Марказ нишонии почтаи электроние, ки довталаб тавассути он ба Марказ муроҷиат кардааст, дар пойгоҳи додаи бақайдгирии Марказ ворид шуда, он ба рақами назоратии довталаб алоқаманд мешавад. Сипас ба почтаи электронии довталаб мактуби ҷавобӣ ирсол гардида, дар он маълумоти муфассал дар бораи қадамҳои баъдӣ барои барқарор кардани рамз барои воридшавӣ ба кабинети инфиродиаш дарҷ мешавад.
Ба довталабон тавсия медиҳем, ки дастури иттилоотию методии Роҳнамои довталаб-ро, ки дар сомонаи Марказ гузошта шудааст, барои огоҳӣ аз мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла истифодаи сомонаи Марказ ва кабинети инфиродӣ мутолиа намоянд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






