«Муҳоҷирзанон» аз ДИИШ мегурезанд
Душанбе, 23.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Ба «муҳоҷирзанон»-и мансуб ба ДИИШ дар Сурия чизе аз васвасаҳо ва мусаллаҳ гардонидани онҳо тавассути интернет кумак накард, ҷуз роҳи гурез аз ин гурӯҳ. Тибқи иттилои як манбаъ аз Дайр-уз-Зур, шарқи Сурия, тӯли ҳафтаҳои гузашта марҳила ба марҳила шумори зиёди «Муҳоҷирзанон» аз хоки Сурия фирор кардаанд. Ба гуфтаи Абдурраҳмон Ҳумайдӣ, шахси масъули фирори «муҳоҷирзанон»-и ба доми фиреби ДИИШ афтода, теъдоди занҳои фирорӣ аз ин гурӯҳ ба ин шумора маҳдуд набуда, балки теъдоди онҳо хеле зиёд аст. Ӯ меафзояд: «Аксари «муҳоҷирзанон» фурсати муносиберо барои гурез мунтазиранд, то дар кӯтоҳтарин фурсат аз он ҷо фирор намоянд. Тибқи маълумоти манбаъ ҳангоми ба доми ДИИШ даромадан онҳоро ҷангҷӯёни ДИИШ ҳатто аз истифодаи интернет маҳрум менамоянд, то бо хонаводаҳояшон тамос нагиранд ва аз назди онҳо фирор нанамоянд».








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






