Муҳокимаи офариниши чеҳраи Нақибхон Туғрал
Суғд, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Андар Раҳмонӣ).- Зимни баргузории ҷаласае бо ҳузури раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд масъалаи офариниши чеҳраи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар муҳокима комиссияи босалоҳият аз ҳисоби муовинони раиси вилоят, намояндагони бахши вилоятии Иттифоқи нависандагон ва рассомон ширкат варзиданд.
Маврид ба таъкид аст, ки соли равон 150 — солагии шоир ва суханвари маъруфи тоҷик Нақибхон Туғрал ҷашн гирифта мешавад ва дар доираи ҷашн як силсила корҳои муфид вобаста ба зиндагинома ва эҷодиёти ин шоир амалӣ мешаванд. Туғрал аз шоирони охири асри 19 ва аввали асри 20-и тоҷик мебошад. Дар қатори тадбирҳои ҷашнӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки девони мукаммали ашъори шоирро ба нашр расонад.
Дар ин замина қаблан дастур дода шуда буд, ки рассомони вилоят бо такя ба сарчашмаҳои мӯътамад ва ҷалби наздикону пайвандони шоир симои аслии ӯро барои бунёди пайкарааш муайян ва тасвир созанд.
Ҷойи зикр аст, ки Нақибхон Туғрал дар миёни мардум аз шуҳрати зиёде бархудор аст ва ба хотири гиромидошти ӯ мактаби миёнаи №8 ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зосун — зодгоҳи шоир вуҷуд дорад, ба номаш гузошта шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






