Муҳорибаи байни артиши Сурия ва дастаҳои «Давлати исломӣ» дар назди Палмира идома дорад

Июль 16, 2015 04:10

Душанбе, 16.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба  иттилои  ТАСС, қӯшунҳои  Сурия  дар  назди  шаҳри  Палмира ҳамлаҳои  ҷавобии   силоҳбадастони  гурӯҳи  террористии  «Давлати  исломӣ» — ро  муваффақона  зада  гардониданд.
Тавре  ки   шабакаи  иттилоотии  «Сурия ал – Эн» хабар  медиҳад, ҳариф роҳи  мошингарди минтақаи Абу Туваллро, ки  тавассути он  аз  шаҳрҳои  Ҳомс  ва  Димишқ қувваҳои иловагии  ҳарбӣ оварда  мешаванд, ишғол  карда натавонист.
Кӯшиши  силоҳбадастон  барои  ишғол  намудани  пойгоҳи қувваҳои  ҳарбии  ҳавоӣ  ва маркази  тақсимоти  газ  барор  нагирифт.
Алҳол задухӯрдҳои шадид дар қисми  ғарбии шаҳри  Палмира  ва  дар  ҷануби  шаҳри  бостонии Ал – Мақалиа  идома доранд. 
Тавре  ки   коршиносони  низомӣ  иброз  медоранд, ҳайати  фармондеҳони  Сурия  аз  нақшаҳои  хамла ба  шаҳри  Палмира  рӯ  гардонида, усули  муҳосираро  пеш  гирифт. Қӯшунҳо  ҳалқаи  муҳосираро  маҳдуд  сохта, роҳҳои  асосии  сӯи  шаҳрро  таҳти назорати  худ  гирифтаанд.
Муҳориба  дар  40- километрии  ҷанубу  ғарби  Димишқ  барои  ба даст  овардани  осоишгоҳи Забадонӣ давом  дорад. Алҳол қӯшунҳо ин  шаҳри зебоманзарро  иҳота намудаанд. Дар  амалиёти  ҳарбӣ  ҳамчунин  ҷанговарони  ҳизби «Ҳизбуллоҳ» — и пайравони  мазҳаби  шиа  иштирок  доранд. 

 

Июль 16, 2015 04:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд