Мулоқоти Қ. Расулзода бо намояндагони Барномаи байналмилалии озуқавории СММ
Душанбе, 28.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати намояндагони Барномаи байналмилалии озуқавории СММ таҳти роҳбарии Директори иҷроияи ин барнома Эртарин Казин мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи байналмилалии озуқавории СММ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо асосан доир ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ, ки аз ҷониби Барномаи байналмилалии озуқавории СММ дар Тоҷикистон дар бахшҳои амнияти озуқаворӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини маводи хўрокии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, беҳдошти низоми обёрӣ ва рушди кишоварзӣ амалӣ мешаванд, табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






