Муроҷиати ҷавонони вилояти Суғд ба ҷавонони кишвар

Июль 8, 2015 04:53

Душанбе, 08.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Ҷавонони вилояти Суғд ба ҷавонони кишвар муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба  баъзе масъалаҳои сиёсии давлатӣ бетарафӣ накунанд ва дар  дарки дурусти ин муносибатҳои сиёсӣ саҳмгузор бошанд.
Бино ба муроҷиати  ҷавонони вилояти Суғд, чун ҷавонони дигар манотиқи кишвар онҳоро муроҷиати ҲНИТ ба СММ ва кишварҳои кафили сулҳ ба ташвиш овардааст.
Дар муроҷиати хеш ҲНИТ даъво дорад, ки гӯё ба аъзои он дар саросари кишвар фишор оварда мешавад, то аз сафи ин ҳизб хориҷ шаванд ва ҳамчунин ҲНИТ худро гӯё қувваи асосии собиқ ИНОТ-и Тоҷикистон дониста, ҷойгоҳи дигар азҳоби сиёсиро нодида гирифта, танҳо худро ҳамчун барандаи ҷониби дигар  ҷабрдида мешуморад. Дар назари аввал мо ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки дар ҳалли масъалаҳои сулҳи Тоҷикистон ва ба имрӯзи босаодат расидани мо киҳо хидмат намудаанд. Хушбахтона, чанде аз ҳизбҳое, ки дар ҷараёни ба имзо гузоштани ин созишномаи муҳим ҳамроҳ бо ҲНИТ буданд, хомӯш нанишаста, аллакай садо баланд намуданд, ки онҳо воқеан шоҳиди татбиқи амалии ин созишнома ҳастанд ва меросбари созишнома аз тарафи ИНОТ танҳо ҲНИТ нест ва намебошад. Набояд танҳо ба унвони мағлубшуда дар интихобот ҳаққи дигар ҳизбҳои сиёсиро нодида бигиранд ва ба таҳкими сулҳи тоҷикон дар пеши созмонҳои ҷаҳонӣ шак оранд.
Талошу пайкорҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро мо, ҷавонон, ки ҳарчанд ба истилоҳ ҳамнасли истиқлолият ҳастем ва шояд дар айёми имзои ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз кӯдаку наврас ва бехабар аз гапи ҷаҳон будем, беҳтару хубтар медонем, чун саодату шарофати мо — ҷавонони имрӯза маҳз натиҷаи ҳамин созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллист, ки чун неъмати Худованд ба мо расидааст. Аз ин рӯ, мо намехоҳем, ки ҲНИТ бо манзур намудани чунин шӯру валвала ва ҳангомаҳо бори дигар фазои орому осудаи кишвари азизро ғуборолуд кунад. Президенти кишвар борҳо дар мулоқоти самимонаи хеш ба мо муроҷиат намуда, бо бовар таъкид намуд, ки ҷавонони имрӯз дигар ҷавонони солҳои 90-уми асри гузашта нестанд. Бале, дар ҳақиқат ҳамин гуна аст ва мо ин каломи ҳидояткунандаи Сарвари давлатро роҳнамои ҳаёт намудаем ва намехоҳем, ки дигар ҳаргиз он ҳодисаҳои нохуши солҳои нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон такрор шаванд.
Нуктаи дигаре, ки мехоҳем таъкид намоем, ин аст, ки чаро ҲНИТ дар давоми 15 соли соҳиб будан ба курсии парлумон хомӯш буд ва имрӯз, ки акнун натавонист дар ҷомеа эътиборе касб намояд, ҷои қабули мардонаи мағлубияти хеш дар интихобот шикоят ба созмонҳои байналмилалиро пеш мегирад. Ин магар танҳо бадном кардани миллату давлат ва халқи худ пеши ҷаҳониён нест ё аз ҳисобот додани он дар назди хоҷагони хориҷии хеш дарак намедиҳад? Мо, ростӣ, аз он ҳайронем, ки чаро 15 соли сипаришуда чунин шикоят дар забони ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ набуд ва ҳамакнун ки ҲНИТ натавонист ба бовари халқ сазовор шавад, мағлубияти хешро бо ин роҳ мехоҳад нодида нишон диҳад. Хушбахтона, аксари намояндагон ва аъзои ҲНИТ ин мағлубиятро дуруст қабул намуда, роҳи худро дигар намуданд ва эҳсос карданд, ки ин ҳизб дигар наметавонад ҳадаф ва ормонҳои онҳоро ифода кунад. Бо ҳамин сабаб аксари онҳо тарки ҲНИТ намуданд, аммо роҳбарияти он ин воқеиятро дуруст қабул накарда, аз паси барангехтани дасисаҳои дигар дар назди созмонҳои байналмиллалии ҷаҳонӣ аст. Мо ҷавонон — созандагони фардои Ватан бовари комил дорем, ки ҳамсолони азизи мо дигар фирефтаи ин гуна ҳарфу суханҳои беасос ва бемантиқ намешаванд ва бо дарки воқеияти дурусти ин муносибатҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯз бештар аз ҳама боз  Ватани муқаддаси хешро дӯст медоранд ва мо якҷоя барои пешрафтҳои бузургтарини кишвари азизамон талош менамоем.
Ба ҳамаи ҷавонони кишвар муроҷиат намуда, таъкид менамоем, ки мо бояд Ватани азизи худро дӯст дорем ва барои шукуфоии он якдилона хидмат намоем, зеро ояндаи он аз мо ва барои мост.

Июль 8, 2015 04:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд