Муроҷиатномаи Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Шоҳигарии Белгия
Душанбе, 31.07.2015 (АМИТ “Ховар”).- Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург вобаста ба офатҳои табиие, ки рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ рух доданд, муроҷиатнома қабул кардааст, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҳамватанони гиромӣ,
Чуноне ки хабар доред, рӯзҳои охир бинобар сабаби баланд шудани ҳарорати ҳаво ва об шудани пиряхҳо, дар минтақаҳои кӯҳии гуногуни ҷумҳуриямон ҳодисаҳои фаромадани сели шадид ва баланд шудани сатҳи дарёҳо ба амал омада истодаанд. Мутаассифона, офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва хонаводаҳои ноҳияҳои мухталифи кишварамон зарари зиёди моддӣ расонида, ҳамчунин боиси марги ҳамватанонамон гашта истодаанд.
Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург чунин хабарро бо эҳсоси андӯҳ қабул намуда, омодагии худро ҷиҳати дастгирии талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии баамаломада изҳор мекунад.
Ҷамъият дар самти ҷалби кумаки моддӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон фаъолона кор бурда истодааст.
Дар робита ба ин, аз тоҷикистониёни муқими Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Нидерланд ва Гертсогии Бузурги Люксембург эҳтиромона даъват ба амал меорем, ки кумаки моддии худро ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин рӯзҳои душвор дареғ надоранд».
Барои маълумоти бештар аз тариқи телефони +32 2 640 69 33 бо Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Брюссел метавонед тамос гиред.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






