Мусоҳибаҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ВАО-и Чин
Душанбе, 23.07.2015 (АМИТ «Ховар»). — 23 июли соли 2015 дар ҳошияи сафари расмии худ ба Чин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба маҷаллаи ҷамъиятӣ-сиёсии «Женмин жибао» мусоҳиба дод. Зимни мусоҳиба С.Аслов ба саволҳо оид ба рӯзномаи гуфтушунидҳо бо ҳамтои чинии худ посух дод. Вазири корҳои хориҷии кишвар инчунин назари худро дар робита ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва инчунин натиҷаҳои асосии Cаммити Созмони Ҳамкории Шанхай дар Уфа иброз намуд.
Худи ҳамон рӯз С.Аслов мусоҳибаи видеоӣ бо телевизиони байналмилалии “Телевизиони марказии Чин” CCTV доир намуд, ки зимни он оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Чин, инчунин ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи ибтикори нави Раиси Чин “Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим” изҳори назар кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






