Мусодираи қариб 1 кило героин аз мусофири «Тойота-Ланкрузер»

Июль 8, 2015 05:51

Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 07 июли соли равон  кормандони милитсия дар дидбонгоҳи воқеъ дар деҳаи Зиғари ноҳияи Дарвоз мошини тамғаи «Тойота-Ланкрузер»-ро таҳти идораи ронанда,   сокини 31-солаи ноҳияи Дарвоз боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили кисаи шими мусофири мошини мазкур- сокини 29-солаи ноҳияи Шуғнон 965 грамм маводи нашъадори сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира  шуд. 
Дар робита ба ин парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Июль 8, 2015 05:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад