Музди миёнаи меҳнат 5,5 фоиз афзуд
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ то 1 майи соли равон 884 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз афзудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода ироа намуд.
Музди меҳнати баланд дар бахши воқеӣ дар соҳаҳои сохтмон-1747 сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об — 1301 сомонӣ ва музди меҳнати паст дар соҳаи кишоварзӣ 282 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
«Дар бахши хизматрасонӣ музди меҳнати баланд дар соҳаи фаъолияти молиявӣ 2295 сомонӣ буда, музди меҳнати паст дар соҳаҳои буҷавӣ, аз ҷумла, тандурустӣ 659 сомонӣ, маориф-694 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 883 сомонӣ ва мақомоти идоракунӣ 922 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст»,-илова намуд вазир.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






