Намоишҳои телевизиони тоҷикро дар 37 давлати дунё тамошо мекунанд
Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Телевизионҳои Тоҷикистонро имрӯз ба таври онлайн аз тариқи интернет ва дар қитъаи Авруосиё (дар 37 давлати дунё) тавассути моҳвора тамошо карда метавонанд. Аз ибтидои сол ҷадвали барномаҳои Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон бо 27 барномаву лоиҳаҳои нави эҷодӣ пурра гардид,- гуфт раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пирзода Маҳмадсаид имрӯз, 10 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ба иттилои мавсуф, мазмуну мундариҷа ва давомнокии барномаҳои иттилоотии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон тағйир ёфта, дар онҳо асосан ба инъикоси ҷараёни ободкорию созандагӣ, иҷрои барнома ва стратегияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт диққат дода мешавад. Дар ин давра танҳо аз идораи барномаҳои иттилоотӣ 46 гузоришу сужетҳои танқидӣ пахш шуданд, ки ҳамагӣ ба 12-тои онҳо аз идораву муассисаҳои дахлдор вокуниш ворид шудааст. Ин мавод дар бораи вазъи бади муҳити зист, аз кор мондани корхонаҳои ба тозагӣ ифтитоҳшуда ва масоили ҳифзи аҳолӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон буданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






