Намоишгоҳи офаридаҳои рассомони тоҷик дар шаҳри Талдом
Душанбе, 24.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия имрӯз дар шаҳри Талдоми вилояти Маскав намоишгоҳи асарҳои рассомони тоҷик таҳти унвони «Пайраҳаҳои Хоҷа Насриддин» бо истифода аз нигораҳои хазинаи ходими намоёни фарҳанги шаҳри Маскав Юлия Вербитская ифтитоҳ гардид.
Ғояи доир намудани намоишгоҳ аз ҳамбастагии эҷодиёти нависандаи рус Леонид Соловёв, аз ҷумла «Қиссаи Хоҷа Насриддин» — и ӯ ва эҷодиёти рассомони тоҷик, аз қабили Зуҳур Ҳабибуллоев, Сабзалӣ Шарифов, Акмал Миршакар, Раҳим Сафаров ва ғайра ба миён омадааст, зеро воқеаҳои «Қиссаи Хоҷа Насриддин» дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, ҳудуди Бадахшон ва деҳаи Чорак рух додаанд.
Раиси шаҳри Талдом Юрий Журкин дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ аҳамияти боризи ҳамкории фарҳангии миёни халқҳои бародари Русия ва Тоҷикистонро таъкид сохт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






