Намоишгоҳи офаридаҳои рассомони тоҷик дар шаҳри Талдом

Июль 24, 2015 07:03

Душанбе, 24.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Бо  дастгирии сафорати Тоҷикистон  дар  Федератсияи  Русия имрӯз дар  шаҳри Талдоми  вилояти  Маскав  намоишгоҳи  асарҳои рассомони тоҷик таҳти унвони «Пайраҳаҳои  Хоҷа  Насриддин» бо  истифода  аз нигораҳои  хазинаи  ходими намоёни  фарҳанги  шаҳри  Маскав  Юлия Вербитская ифтитоҳ  гардид. 
Ғояи  доир  намудани  намоишгоҳ  аз  ҳамбастагии эҷодиёти   нависандаи  рус  Леонид Соловёв, аз ҷумла «Қиссаи Хоҷа  Насриддин» — и ӯ ва эҷодиёти  рассомони  тоҷик,  аз  қабили  Зуҳур  Ҳабибуллоев, Сабзалӣ  Шарифов, Акмал  Миршакар, Раҳим  Сафаров ва  ғайра  ба  миён  омадааст,  зеро  воқеаҳои  «Қиссаи Хоҷа  Насриддин»  дар  ҳудуди  Тоҷикистон,  аз  ҷумла дар  шаҳри  Хуҷанд, ҳудуди  Бадахшон  ва  деҳаи  Чорак  рух додаанд.
Раиси шаҳри  Талдом  Юрий  Журкин  дар  маросими  ифтитоҳи  намоишгоҳ  аҳамияти боризи ҳамкории фарҳангии миёни  халқҳои  бародари  Русия  ва  Тоҷикистонро  таъкид  сохт.

Июль 24, 2015 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид