Нарендра Моди бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 12 июли соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар иртибот ба сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июл дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма брифинги матбуотӣ доир гардид. Дар брифинги матбуотӣ сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев оид ба мушаххасоти барномаи сафари Сарвазири Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.
Мавсуф зикр кард, ки сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои 12-13 июли соли равон идома ёфта, дар доираи сафар дар «Қасри миллат» мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар он масъалаҳои тавсеаи равобити судманди гуногунсоҳаи Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ хоҳанд шуд.
Инчунин Нарендра Моди ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ -асогузори нахустин давлати тоҷикон гулчанбар гузошта, дар Анҷумани коршиносони бахши кишоварзӣ, ки дар «Кохи Борбад» доир мегардад, иштирок менамояд. Ҳамчунин Сарвазири Ҳиндустон дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи яке аз шахсиятҳои бузурги илму фарҳанги Ҳиндустон -Робиндранат Такур, воқеъ дар кӯчаи «Бухоро»-и шаҳри Душанбе ширкат менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






