Нуробод: раиси ноҳия ҷавононро ба илмомӯзию ватандӯстӣ даъват кард

Июль 11, 2015 04:53

Нуробод, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).-  Бо ибтикор  ва ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии раиси ноҳия  Дӯстзода Ҳасан Тағдир бо ҷавонону  хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия  баргузор гардид. Баргузории чунин вохӯрӣ  бо ҷавонон аз он шаҳодат медиҳад, ки таваҷҷуҳи  ҳукумати ноҳия нисбат ба таълиму тарбияи  ҷавонону наврасон хеле калон аст. Раиси ноҳия ҷавононро ба муносибати хатми мактаб шодбош гуфта, ба онҳо барои дохил гардидан ба донишгоҳу донишкадаҳо барор таманно намуд. 
Дӯстзода Ҳасан Тағдир зимни вохӯрӣ гуфт, ки  ҳадафи аслии  нишасти мо бори дигар  ҳидоят намудани ҷавонон ба илму забономӯзӣ, аз бар намудани навгониҳои илму техника, дӯст доштани ватан,  ҳифзи  музаффариятҳои истиқлолият,  арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба муқадасоти ин сарзамин, дурӣ ҷустан аз ҳаракату гурӯҳҳои иртиҷоӣ мебошад. 
          Тибқи    иттилои  сармутахассиси  шуъбаи рушди  ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳия Гулрухсор Неъматова 456 нафар муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуда, 26 нафари он тибқи квотаи президентӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ дохил шуд ва 350 нафари дигар  ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридааст. 

 

Июль 11, 2015 04:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!