Қоҳир Расулзода бо ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд
Душанбе, 09.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон бо ҷараёни омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 700-солагии олим ва мутафаккири машҳури Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шинос шуд.
Таъкид кардан, бамаврид аст, ки имрўзҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 700-солагии олим ва мутафаккири машҳури Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кўлоб корҳои сохтмону навсозӣ ва тармиму таҷдиди иншооти зиёди ҷашнӣ бомаром идома доранд.
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз ҷараёни сохтмон, таъмир ва навсозии як силсила иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла маҷмӯи биноҳои истиқоматӣ барои омўзгорони мактаби Президентӣ дар шаҳри Кўлоб, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ, корхонаи коркарди шир, биноҳои маъмурии ташкилоту идораҳои давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ ва маҷмааҳои варзишӣ дидан карда, бевосита бо ҷараёни корҳои дигари ободонӣ дар шаҳр, хусусан корҳои навсозии роҳҳои маҳалии шаҳр ва бунёди меҳмонхонаю марказҳои хизматрасонӣ шинос шуданд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба ин санаи таърихӣ Сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорату идораҳои соҳавӣ, вилояту шаҳр ва дигар масъулини корҳои сохтмониро барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва таъмирию навсозӣ вазифадор карда, иҷрои корҳои пешбинишударо дар муҳлатҳои муқарраргардида талаб намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






