Оғози корҳои сохтмонии шаҳраки навбунёд дар мавзеи Тем

Июль 30, 2015 07:02

Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бунёди шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар оғоз бахшид. Фармоишгари шаҳраки нав Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло бо ин мақсад 214 гектар замин ҷудо гардида, барои анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ, геологиву гидрогеологӣ, геодезӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 950 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрак омода шуда истодааст.

Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Минтақаи тарҳрезишаванда дар назди дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ 50 фоизи минтақа барои сохтмони манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми умумии фонди манзили истиқоматӣ 300 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз иморатсозии катеҷӣ бо заминҳои наздиҳавлигӣ, иморатсозии миёнаошёна 4-5 ошёнагӣ ва иморатсозии 9 ошёна иборат аст.

Дар шаҳраки нав иншооти гуногуни иҷтимоӣ, маданию маишӣ ва хизматрасонӣ — муассисаҳои томактабӣ барои 1200 ҷой, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои 3000 хонанда, толорҳои варзишӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ, мағозаҳои маводи ниёзи аввал дар масоҳати 1230 метри мураббаъ, маҷмааи савдо, муассисаҳои хӯроки умумӣ бо 450 ҷой, беморхона барои 150 кат, дармонгоҳ барои 360 қабул дар як баст, маркази ёрии таъҷилӣ бо 2 мошин, шуъбаи бонкҳо дорои 5 хазинаи амалиётӣ, меҳмонхона барои қабули 125 меҳмон, хадамоти оташнишонӣ бо 2 мошин сохта мешавад. Корхонаҳои хизматрасонии маданию маишии шаҳраки навбунёди Тем барои 15 ҳазор нафар сокин муқаррар шудааст.

Дар шаҳрак Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шуъбаи солимгардонӣ, шуъбаҳои маориф, молия, омор, инчунин комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, шуъбаи амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, телеком, почта, чойхона, Фонди ҳифзи иҷтимоӣ, Тоҷиксуғурта, қасри фарҳанг бо китобхона ва маркази эстетикӣ барои бачагон, нозироти андоз ва ҳаммом сохта мешавад.

Барои таъмини пурраи шароити зиндагӣ дар нақшаи генералӣ инчунин бунёди корхонаҳои гуногун, аз ҷумла сехи дӯзандагӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонпазӣ, коргоҳи коркарди меваю сабзавот, хушккунии меваю растаниҳои табобатӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, сехи истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан дар назар аст.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди шаҳраки Тем бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои обрасониву корез, мактабу беморхона ва биноҳои истиқоматии баландошёна маҷмӯи чораҳои омодагиро амалӣ карда истодааст ва дар маҳалли сохтмони шаҳрак баъди шиносоӣ бо лоиҳа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Июль 30, 2015 07:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд