Офати табиӣ ба навоҳии Дарвозу Ишкошим боз зарар расонд
Душанбе, 28.07.2015 (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, 27 июл дар баъзе навоҳии мамлакат бар асари офатҳои табиӣ боз ба хоҷагии аҳолии ин навоҳӣ зарар расид. Рўзи 27 июл соати 05:14 дар натиҷаи баланд гардидани сатҳи оби дарёи Хингов дар деҳаи Марғаки ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз 90 метр самти роҳи мошингарди маҳаллӣ пурра шуста шуда, 103 метри роҳи мазкур дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Дар ҳамин рӯз, яъне 27 июл соати 08:12 дар деҳаи Шитхарви ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим дар километри 155-и самти шоҳроҳи Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб сел фаромада, ба масофаи 15 метр дарозӣ ва 3 метр чуқурӣ роҳи мазкур аз истифода бароварда шуда, ҳаракати нақлиёт дар ин самт қатъ гардид.
Дар натиҷаи гармшавии ҳаво ва аз меъёр баланд гардидани сатҳи оби дарёи Аличур, дар километри 250-уми роҳи мошингарди деҳаи Башкумбези ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоби ВМКБ пули мошингузари маҳаллиро об шуста хароб кард.
Дар шаҳру навоҳии мазкур дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулода сафарбар гардида, маълумоти иловагӣ пешниҳод мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар тамоми минтақаҳои зарардида ҳоло вазъият зери назорат буда, корҳои барқарорсозӣ бо вусъат идома доранд.
Кори комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Шуғнон назаррас аст, зеро дар мавзеи офатзадаи ҷамоати деҳоти Сучон деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон барои 83 оила қитъаи замин ҷудо шуда, сохтмони 70 хона оғоз шудааст. Аз ҷумла, таҳкурсии 52 хона канда шуда, девори 18 хона аз 1 то 1,5 метр бардошта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Таҳлили маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулода нишон медиҳад, ки дар давраи солҳои 1997-2015 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 3279 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба амал омадааст, ки бар асари онҳо 1062 нафар ҷони худро аз даст дода, хисороти иқтисодии расида зиёда аз 2 миллиард сомониро ташкил додааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






