«Оила-адабгоҳи муҳаббат»-озмун барои навхонадорон
Роғун, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Субҳониддини Маҳмуд).- Барои дар сатҳи баланд гузаронидани Соли оила дар шаҳраки Роғун дар ҳамкорӣ бо дигар бахшҳою шуъбаҳо 62 маротиба вохўрию корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии пошхўрии оилаҳои ҷавон, аз байн бурдани никоҳи хешутаборӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон пеш аз никоҳ доир шуда, ҳамчунин ба иштироккунандагон зиёда аз 200 дона буклет доир ба мавзӯи «Оилаи солим-ҷомеаи солим» дастрас гардид.
Ба иттилои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳраки Роғун Махфират Давлатова бо ибтикори шуъба дар ин раванд озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин» ва «Ҳунарманди беҳтарин» ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ озмуни «Оила-адабгоҳи муҳаббат» барои навхонадорон бо иҷрои шаш шарт ба анҷом расид, ки ғолибони озмун аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳраки Роғун бо Диплом, туҳфаҳои хотирмон ва 5160 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






