Омодагӣ ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Ба иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баргузории ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ солҳои 2014-2015 дар қисми шимолу ғарбӣ ва ғарбии ҳудудҳои Қалъаи Ҳисор аз ҷониби мутахассисони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ковишҳои бостоншиносӣ гузаронида шуда, дар натиҷа дар қисмати ғарбии қалъа боқимондаҳои девори мудофиавӣ ва қабрҳои асри биринҷӣ (ҳазораи II то милод, мансуб ба маданияти «Бешкенту Вахш»), дар қисми шимолу ғарбии қалъа боқимондаҳои дарвозаи ғарбӣ ва роҳравҳои сангфарши асримиёнагӣ ва аз ҳудуди чашмаи қасри Ҳисор сарсутуни аз санги хоро сохташуда (мансуб ба давраи юнону бохтарӣ) бозёфт шуданд.
Гуфта мешавад, дар ковишҳои бостоншиносии ҳудуди Қалъаи Ҳисор зиёда аз 100 мутахассиси касбӣ ва донишҷӯён ширкат варзиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






