Омодагии дастаҳои лигаи олӣ ба қисми дуюми чемпионат

Июль 20, 2015 07:11

Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ “Ховар”  Меҳрони   Курбон).-Дастаҳои лигаи олии кишвар бозиҳои санҷишӣ гузаронида, ба қисми дуюми чемпионат омодагӣ мебинанд. Рӯзи  15 июл дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар шаҳри Норак дар қисми дуюми чемпионат бо дастаи КМВА “Помир” бозии санҷишӣ гузаронид. Бозӣ шавқовару тамошобоб доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи дастаи шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Ёдовар  мешавем, ки голҳои дастаи “Равшан”-ро легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ ,  Абдурасул Раҳмонов ва Наврӯз Рустамов ба самар расониданд. Дар ҳайати  дастаи мудофиачиён Рустам Толибов, Павел Калугин ва Давронҷон Тухтасунов ба задани гол муваффақ шуданд.
Бояд  зикр  кард, ки  чемпиони феълии мамлакат ва пешсафи ягонаи қисми якуми ҷадвали чемпионати имсола дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо дастаи мунтахаби ҷавонони 19-солаи Тоҷикистон, ки ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 омодагӣ мебинад, бозии санҷишӣ гузаронд. Дар вохӯрӣ ғалаба насиби чемпиони феълӣ шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 14 вохӯрӣ ниммуҳофизи дастаи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев боз кард. Баъди чор дақиқа ҳамлагари дастаи пойтахт, легионери испаниягӣ Мануел Бледа Родригес голи дуюми “Истиқлол”-ро зада, ҳисоби бозиро дучанд гардонид. Қисми якуми вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом шуд. Дар қисми дуюми вохӯрӣ ҳар ду дастаҳо қариб, ки ҳайатҳои худро пурра иваз карда, ба майдон бозингарони навро бароварданд. Ин қисми бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт, вале ҳисоби вохӯрӣ тағийр наёфт.
Хотиррасон   менамоем, ки  рӯзи 21 июл дастаи “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо дастаи  мунтахаби ҷавонони то 19-солаи кишвар бори дигар бозии санҷишӣ мегузаронад. Оғози бозӣ соати 18.00 ба нақша гирифта шудааст.

 

Июль 20, 2015 07:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд