Ғончӣ: Сокинон бо роҳи ҳашар пуле ба дарозии 30 метр бунёд мекунанд

Июль 29, 2015 04:03

Хуҷанд, 29.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар доираи «Барномаи давлатии соли роҳҳои обод» дар чанд деҳаи ноҳияи Ғончӣ тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд. Сокинони деҳаи Меҳробод бештар аз 5 километр роҳи байни деҳаи худ ва Чорбоғи шаҳри Истаравшанро бо қувваи худ таъмир намуда, ҳамзамон барои бунёди пул, ки метавонад дар оянда роҳи сокинонро наздик намояд, иқдом намуданд.
Зимнан, деҳаи Меҳробод дар ҳамсоягии деҳаи Чорбоғи шаҳри Истаравшан қарор дорад. Сокинони ин деҳа як пули азимро бо роҳи ҳашар бунёд месозанд. Дарозии пул 30 метр буда, паҳноияш 7 метрро дар бар мегирад. Барои бунёди он худи сокинони деҳаи Меҳробод иқдом намудаанд, ки маблағии умумии он беш аз 600 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Сохмони пул бо суръат идома дошта, дар нақша аст, ки он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

 

Июль 29, 2015 04:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд