Озмун бо мақсади гулзоркунии маҳалли зист
Кӯлоб, 10.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Мадамин).-Дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Гулзоркунии корхонаву маҳалли зист ва шаҳри азизамон» озмун оғоз гардид, ки он ба 24- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21- солагии ҲХДТ ва 700- солагии алломаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида шудааст.
Ҳадафи озмун ҷалби ватандўстон ва ҷонибдорони ҲХДТ барои зебоипарастӣ, саҳмгузорӣ дар ободкориву созандагӣ, тозагӣ ва сабзазоркунии маҳаллу корхонаҳои ҷои зист мебошад.
Озмун дар ду давр гузаронида мешавад: даври аввал аз 20- уми июн то 1- уми сентябри соли 2015 ва даври дуюм аз 10- уми сентябр то 10- уми декабри соли ҷорӣ.
Ҳайати комиссияи тадорукотӣ таъсис шуда, озмун дар саросари вилояти Хатлон ҷараён дорад.
Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ҷои якум 2000 сомонӣ, ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






