Пайравони “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” дар вилояти Суғд боздошт шуданд

Июль 13, 2015 06:20

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, балки бо терроризу ифротгароӣ низ мубориза мебарад. Боздошти пайравони “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон” аз ҷониби кормандони ин агентӣ далели ин гуфтаҳост. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз манзили истиқоматии Анорқулов Маҳкамбой Мӯҳсинович, ки дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд истиқомат мекунад, микрокартаи хотиравӣ бо сабтҳои аудио ва видеоии даъвати амири Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон-“Ҷундуллоҳ” Муҳаммад Тоҳир ва дигар аъзои он дарёфт ва гирифта шуд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки микрокартаи хотиравии дарёфтгардида ба шаҳрванд Ғафурҷонов Муҳаммадшодӣ Солиҷонович тааллуқ дорад. Ҳамчунин муайян гардид, ки Ғафурҷонов Муҳаммадшодӣ Солиҷонович, сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов, аз моҳи августи соли 2014 то инҷониб бо мақсади барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, нажодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, аз сомонаи интернетӣ сабтҳои аудио ва видеоии ба ин амалҳо даъваткунанда, яъне даъватҳои амир ва дигар аъзои Ҳаракати Исломии Узбекистон-“Ҷундуллоҳ”-ро ба даст оварда, пас аз тамошо ва омӯзиши пурраи маълумоти ба дастовардааш ба воситаи сомонаи интернетӣ “Содиқлар” аз тариқи паёми “СМС” ва ба воситаи ҳамдеҳааш бо номи “Урунбек”, ки дар амалиёти ҷангии Давлати Исломии Сурия иштирок дорад, бо телефони мобилӣ ҳамсуҳбат шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷинояткоронааш роҳу усули ба онҳо ҳамроҳ шуданро ҷустуҷӯ мекард. Аз моҳи августи соли 2014 то инҷониб М.С. Ғафурҷонов бо мақсади ҷалби шаҳрвандони ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд- Рӯзиев Азизҷон Муродович, Ашарапов Иброҳим ва “Мурод” ном шахс, сабтҳои аудио ва видеоии даъвати амири Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон-“Ҷундуллоҳ” Муҳаммад Тоҳир ва дигар аъзои онро паҳн намудааст. Рӯзиев Азизҷон Муродович ва дигарон маълумоти аниқ дар бораи ҷинояти махсусан вазнини тайёршудаистода ва дар бораи шахсе, ки дар амалиёти ҷангии Давлати Исломии Сурия итишоркардаро, ки баръало ҷиноят мебошад, ба даст оварда, бо хоҳиши М. С. Ғафурҷонов пинҳон дошта, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надоданд. Инчунин  20 майи соли 2015, аз манзили истиқоматии М.С. Ғафурҷонов як адад ноутбуки тамғаи “ACER”-ро, ки дар он сабтҳои видеоии даъват намудан ба ҷиҳод, даъватҳои кушод ё пӯшида барои барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, нажодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, инчунин мавҷудияти даъватҳои кушод ва ё пӯшида барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъватҳои кушод ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ дида мешуд, дарёфт шуд. Оид ба ҳолати мазкур 25 майи соли 2015 нисбат ба Ғафурҷонов Муҳаммадшодӣ Солиҷонович бо моддаҳои 189 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди “г”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба Рӯзиев Азизҷон Муродович ва дигарон бо моддаи 347 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Июль 13, 2015 06:20

Хабарҳои дигари ин бахш

SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд