Пайравони “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” дар вилояти Суғд боздошт шуданд
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат дар самти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, балки бо терроризу ифротгароӣ низ мубориза мебарад. Боздошти пайравони “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон” аз ҷониби кормандони ин агентӣ далели ин гуфтаҳост.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, аз манзили истиқоматии Анорқулов Маҳкамбой Мӯҳсинович, ки дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд истиқомат мекунад, микрокартаи хотиравӣ бо сабтҳои аудио ва видеоии даъвати амири Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон-“Ҷундуллоҳ” Муҳаммад Тоҳир ва дигар аъзои он дарёфт ва гирифта шуд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки микрокартаи хотиравии дарёфтгардида ба шаҳрванд Ғафурҷонов Муҳаммадшодӣ Солиҷонович тааллуқ дорад. Ҳамчунин муайян гардид, ки Ғафурҷонов Муҳаммадшодӣ Солиҷонович, сокини деҳаи Ӯзбекқишлоқи ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ.Расулов, аз моҳи августи соли 2014 то инҷониб бо мақсади барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, нажодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, аз сомонаи интернетӣ сабтҳои аудио ва видеоии ба ин амалҳо даъваткунанда, яъне даъватҳои амир ва дигар аъзои Ҳаракати Исломии Узбекистон-“Ҷундуллоҳ”-ро ба даст оварда, пас аз тамошо ва омӯзиши пурраи маълумоти ба дастовардааш ба воситаи сомонаи интернетӣ “Содиқлар” аз тариқи паёми “СМС” ва ба воситаи ҳамдеҳааш бо номи “Урунбек”, ки дар амалиёти ҷангии Давлати Исломии Сурия иштирок дорад, бо телефони мобилӣ ҳамсуҳбат шуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷинояткоронааш роҳу усули ба онҳо ҳамроҳ шуданро ҷустуҷӯ мекард. Аз моҳи августи соли 2014 то инҷониб М.С. Ғафурҷонов бо мақсади ҷалби шаҳрвандони ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд- Рӯзиев Азизҷон Муродович, Ашарапов Иброҳим ва “Мурод” ном шахс, сабтҳои аудио ва видеоии даъвати амири Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон-“Ҷундуллоҳ” Муҳаммад Тоҳир ва дигар аъзои онро паҳн намудааст. Рӯзиев Азизҷон Муродович ва дигарон маълумоти аниқ дар бораи ҷинояти махсусан вазнини тайёршудаистода ва дар бораи шахсе, ки дар амалиёти ҷангии Давлати Исломии Сурия итишоркардаро, ки баръало ҷиноят мебошад, ба даст оварда, бо хоҳиши М. С. Ғафурҷонов пинҳон дошта, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надоданд. Инчунин 20 майи соли 2015, аз манзили истиқоматии М.С. Ғафурҷонов як адад ноутбуки тамғаи “ACER”-ро, ки дар он сабтҳои видеоии даъват намудан ба ҷиҳод, даъватҳои кушод ё пӯшида барои барангехтани кинаву адовати динӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, нажодӣ, паст задани шаъну эътибори миллӣ, тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, инчунин мавҷудияти даъватҳои кушод ва ё пӯшида барои бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даъватҳои кушод ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ дида мешуд, дарёфт шуд. Оид ба ҳолати мазкур 25 майи соли 2015 нисбат ба Ғафурҷонов Муҳаммадшодӣ Солиҷонович бо моддаҳои 189 қисми 1 ва 307 қисми 2 банди “г”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба Рӯзиев Азизҷон Муродович ва дигарон бо моддаи 347 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






