Парлумонҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар таҳкими равобити дуҷониба нақши калидӣ мебозанд
Душанбе, 03.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Парлумонҳои Тоҷикистону Лаҳистон дар таҳкими равобити дуҷониба нақши калидӣ мебозанд», гуфт дар ҷараёни мулоқоташ Акрамшо Фелалиев-муовини раиси Маҷлиси намояндагон бо Ежи Вендерлих -ноиби раиси Сейми /Парлумон/-и Лаҳистон.
Дар мулоқот мусоҳибон ба масъалаи густариши ҳамкории байнипарлумонӣ миёни палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ва Сейми Лаҳистон дахл намуданд. А. Фелалиев изҳор дошт, ки миёни парлумонҳои ҳарду кишвар гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд ва ташрифи гурӯҳи дӯстии Сеймии Лаҳистон ба Тоҷикистон самараи мулоқоту вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Лаҳистон аст.
Зикр шуд, ки сафари намояндагони парлумонҳои Тоҷикистону Лаҳистон ба кишварҳои якдигар барои рушди муносиботи байнипарлумонии ҳар ду кишвар мусоидат намуда, дар самти истифодаи таҷрибаи ҳамдигар ҷиҳати таҳия ва омода намудани қонун ва дигар санадҳо кумак хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки байни ду кишвар имконоти зиёди ҳамкорӣ дар бахшҳои равобити байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, илму маориф, кишоварзӣ ва фарҳангӣ вуҷуд дорад.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили вобаста ба таҳкими ҳамкории байни ду кишвар ва вазъи минтақа мубодилаи афкор ҷараён гирифт.
Ежи Вендерлих хостори густариши равобити парлумонии Лаҳистон бо Тоҷикистон шуда, гуфт, ки яке аз ҳадафи асосии ташрифи ҳайати парлумонии Лаҳистон ба Душанбе баррасии масоили тавсеаи ҳамкорӣ, омӯзиши таҷрибаи парлумони Тоҷикистон дар самти таҳия ва қабули қонуну қарор ва дигар санадҳои дорои аҳамияти дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






