Парлумони Юнон тадбирҳои бахши сарфакориро маъқул ёфт
Душанбе, 16.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Парлумони Юнон лоиҳаи қонунро дар бораи тадбирҳои сарфакорӣ, ки барои бастани созишнома бо механизми аврупоии эътидолгардонӣ заруранд, маъқул ёфт. Дар ин бора Агентии Reuters хабар дод.
Аз ин пеш сарвазири Юнон Алексис Сипрас вакилонро даъват намуда буд, ки лоиҳаи қонунро дастгирӣ кунанд. Назар ба хабари РИА «Новости», сарвазир изҳор дошт, ки вакилон бояд масъулияти воқеаҳои дар кишвар рух додашударо ба дӯши худ гиранд.
Сипрас ҳамзамон изҳори умедворӣ кард, ки сиёсати ҳукумат натиҷаҳои мусбат хоҳад дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Аврупо мубориза на барои Юнони кучак, балки барои оянда меравад.
Дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонун бо ибтикори анархистон (худсарон) дар назди бинои парлумон задухӯрдҳо бо кормандони пулис рух доданд. Беш аз 50 нафар барои иштирокашон дар ин бетартибиҳо дастгир шуданд.
13 июл Юнон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи барномаи баромадан аз бӯҳрони тӯлонӣ аҳд карданд. Афина тайи се сол 86 миллиард евро гирифта, барои ин дар кишвар бояд тартиби сарфакорӣ ҷорӣ гардад.
Барномаи мазкур таҷдиди низоми андозу нафақа, ҳамчунин хусусигардонии моликияти давлатӣ баробари 50 миллиард евроро дар назар дорад. Дар ҷараёни райъдиҳӣ 5 июл 61,31 фоизи юнониҳо зидди ин чорабиниҳо овоз доданд.








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






