Пешниҳоди Вазорати фарҳанги Қирғизистон
Душанбе, 30.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои Агентии Tazabek, Вазорати фарҳанг, сайёҳӣ ва иттилооти Қирғизистон пешниҳод намуд, ки Созишнома дар бахши иттилоот ва иртиботи оммавӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон маъқул ёфта шавад.
Лоиҳаи мазкур ба манзури таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи миёни ҳар ду давлат ва рушди муносибатҳо дар соҳаи иттилоот ва иртиботи оммавӣ таҳия шудааст.
Ҳадафи ҳамкорӣ иборат аз афзун намудани ҳаҷми табодули иттилоот ва хабару мақолаҳо дар рӯзномаю телевизион бо усули мутақобила ва асосан дар мавзӯи таҳкими муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон, рӯи кор овардани чорабиниҳои муҳими дуҷониба дар амри сиёсати бахши иттилоот ва журналистика мебошад. Тартиби дигари роҳандозии лоиҳаи мазкур бояд иборат аз намоиши асарҳои тарғибкунандаи дӯстии байни халқҳои Қирғизистону Тоҷикистон бошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






