Прокурори Душанбе доир ба Фармони Президент гузориш медиҳад
Душанбе, 23.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки имрӯз дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум прокурори шаҳри Душанбе доир ба иҷрои Фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» гузориш диҳад. Инчунин ҳисоботи раисони ноҳияҳои пойтахт доир ба қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст.
Аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар иҷлосия дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва низомномаи комиссияҳои доимӣ ва муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ мешаванд.
Дар иҷлосия номи баъзе кӯчаҳои пойтахт тағйир дода хоҳад шуд. Инчунин вакилони шаҳрӣ як зумра қарорҳои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоевро, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбест, тасдиқ хоҳанд кард.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






