ПСС: Саҳми соҳибкорон дар баланд бардоштани иқтидори иқтисодии корхонаҳо назаррас аст
Душанбе, 8.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Дар айни замон саҳми соҳибкорон, ки қариб 700 нафари он узви Палатаи савдо ва саноат (ПСС) мебошад, дар муттаҳид намудани корхонаҳое, ки иқтидори иқтисодиро муайян намуда, робитаҳои тиҷоратиро васеъ мегардонанд, назаррас аст»,-зикр намуд муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова имрӯз, 8 июл зимни нишасти матбуотӣ.
Имрӯз бо пешрафти ислоҳоти демократӣ дар озодандешӣ ва такмили сохтори идоракунӣ, иқтисоди Точикистонро бе сармоягузории бузурги хориҷӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Яке аз омилҳои дохил шудани сармоягузор ба бозори Тоҷикистон -ин мавҷудияти шароит барои ҳалли баҳсҳои тиҷорати байналмилалӣ дар ҳолати пайдо шудан ва ҳалли бошууронаи он мебошад. Бо шарофати ҳалли холисона, тез ва камхарҷи баҳсҳо арбитражи тиҷоратии байналмиллалӣ дар миёни субъектҳои гардиши молу хизматрасонӣ эътирофи зиёдеро касб менамояд. Аз ин лиҳоз, Палатаи савдо ва саноат механизмҳои «Равзанаи ягона», Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дастгирӣ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






