Рамазон 16 июл поён хоҳад ёфт

Июль 7, 2015 06:59

Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-  Рамазон имсол 29 рӯзро дар бар мегирад. Ин нуктаро  Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ  изҳор дошт. 
Ба гуфтаи мавсуф, барои муайян кардани санаи дақиқи Иди фитр Маркази исломии кишвар комиссияи вижа ташкил кардааст ва ҳамчунин хулосаи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистонро низ гирифтааст. Ӯ афзуд, рӯзи панҷшанбе — 9 июли соли равон Маркази исломӣ ба таври расмӣ санаи дақиқи Иди фитрро эълон мекунад. 
Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт. Дар назар аст тоҷикистониён Иди саиди фитрро 17-уми июл таҷлил кунанд, -афзуд раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон. 

Июль 7, 2015 06:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад