“Рамазон” моҳи хайр ва кумак ба ниёзмандон аст
Душанбе, 13.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Кумак ба ятимону ниёзмандон аз суннатҳои моҳи мубораки Рамазон маҳсуб шуда, дар ин моҳ аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор порс хӯроки гарм ба ниёзмандон, маъюбон, нобиноён, марказҳои пиронсолон, мактаб-интернатҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар пешниҳод гардид. Бино ба иттилои Сайид Маҳдӣ Ибодӣ-раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон, то охири моҳи Рамазон боз 2 ҳазор порс хӯроки гарм ба ниёзмандон тақсим мешавад.
Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон дар моҳи Рамазон беш аз 800 бастаи маводи ғизо шомили равған, биринҷ, макарон, шакар ва хокаи либосшӯӣ низ ба ниёзмандону ятимон дода мешавад ва бо кумаку ҳиммати одамони хайрхоҳу саховатпеша як миқдорӣ гӯшт низ ба ин баста изофа шудааст. Сайид Маҳдӣ Ибодӣ мегӯяд, ки ин суннати ҳасана беш аз 20 сол аст, ки тавассути Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ анҷом дода мешавад. Мудири Дафтари намояндагии Кумитаи имдод таъкид кард, ки алҳол барномаи Кумитаи имдод нисбат ба солҳои гузашта, ки самти асосии он аз ироаи кумакҳои гуногун ва маводи хӯрокворӣ ба оилаҳои ниёзманд, ятимону афроди камбизоат иборат буд, ба самти машғул шудан ба коре ё тавонмандсозии чунин афрод ва хонаводаҳои онҳо равона шудааст.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






