“Рамазон” моҳи хайр ва кумак ба ниёзмандон аст

Июль 13, 2015 06:37

  Душанбе, 13.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Кумак ба ятимону ниёзмандон аз суннатҳои моҳи мубораки Рамазон маҳсуб шуда, дар ин моҳ аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор порс хӯроки гарм ба  ниёзмандон, маъюбон, нобиноён, марказҳои пиронсолон,  мактаб-интернатҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар пешниҳод гардид. Бино ба иттилои  Сайид Маҳдӣ Ибодӣ-раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдод дар Тоҷикистон, то охири моҳи Рамазон боз 2 ҳазор порс хӯроки гарм ба ниёзмандон тақсим мешавад. 
           Мавсуф афзуд, ки ҳамзамон дар моҳи Рамазон  беш аз 800 бастаи маводи ғизо шомили равған, биринҷ, макарон, шакар ва хокаи либосшӯӣ низ ба  ниёзмандону ятимон дода мешавад ва бо кумаку ҳиммати одамони хайрхоҳу саховатпеша як миқдорӣ гӯшт низ ба ин баста изофа шудааст. Сайид Маҳдӣ Ибодӣ мегӯяд, ки ин  суннати ҳасана беш аз 20 сол аст, ки тавассути Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ анҷом дода мешавад. Мудири Дафтари намояндагии Кумитаи имдод таъкид кард, ки алҳол  барномаи Кумитаи имдод нисбат ба солҳои гузашта, ки самти асосии он аз ироаи кумакҳои гуногун ва маводи хӯрокворӣ ба оилаҳои ниёзманд, ятимону афроди камбизоат иборат буд, ба самти машғул шудан ба коре ё  тавонмандсозии чунин афрод ва хонаводаҳои онҳо равона  шудааст.

 

 

Июль 13, 2015 06:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа