Рассоми тоҷик дар намоишгоҳи ИМА соҳиби ҷоизаи асосӣ- «Уқоби тиллоӣ» гардид
Душанбе, 11.07.2015 (АМИТ «Ховар»,Ҳотами Шариф).- Рассом-ороишгари Китобхонаи миллии Тоҷикистон Зокир Собиров дар намоишгоҳи «Мавҷи байналмилалии ҳунар»-и шаҳри Ню- Йорк, ки таҳти унвони «Ҳунар дар ҳоли рушд» баргузор шуд, ғоибона ширкат варзида, соҳиби ҷоизаи асосӣ- «Уқоби тиллоӣ» гардид.
Муваффақияти асосии Зокир Собиров дар он аст, ки равияи тозаи ӯ- мутавозият дар санъати тасвирии ҷаҳон дар ҳақиқат шинохта шуд ва ҳамчун сабки ҳунарӣ дар қатори ҳақиқатнигорӣ ва таассурот эътироф гардид.
Зокир Собиров дастпарвари Донишкадаи театр, мусиқӣ ва кинематографияи шаҳри Санк-Петербург буда, дар ороиши саҳнаю намоишҳои театрӣ ва офариниши расмҳои ҷолиб пешсаф мебошад.
Асарҳои офаридаи Собиров дар намоишгоҳҳои байналмилалии дохилу хориҷ, аз ҷумла дар Алҷазоир, Испания, Италия, Ҳиндустон ва шаҳрҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Ӯ дар ороиши бинои нави Китобхонаи миллӣ заҳмати зиёд кашидааст. Дар долонҳову толорҳои китобхона маҳсули эҷодиёти нодиру дасти пуркори ӯ фазои вежаи маънавӣ офарида, ҳусни ин бинои муҳташамро дучанд намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






