Роҳбари «Давлати исломӣ» намоиши наворҳои инъикосдиҳандаи ҳолатҳои қатлкуниро манъ кард

Июль 20, 2015 06:22

Душанбе, 20.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари «Давлати  исломӣ» Абубакр ал — Бағдодӣ  фармон  баровард, ки  он ба  силоҳбадастони  созмонҳои террористӣ ба навор  гирифтани  қатли ҷабрдидагонро  манъ  мекунад. Агентии ARA nevs — и Сурия  зимни  истинод ва  васоити  ахбори оммаи  «Давлати  исломӣ»  дар  ин   бора  хабар  медиҳад. 
Бағдодӣ  ҳамчунин  намоиши наворҳои  дорои  саҳнаҳои  зӯровариро  манъ  кард. Мавсуф  дар  ин  бора  ба  ҳамаи васоити  ахбори «Давлати  исломӣ» мактуби  дахлдор ирсол  намуд. 
Роҳбари  ДИ  тасмими  худро  бо  он  асоснок  намуд, ки намехоҳад ба  иззати  нафси созмонҳои  дастгирикунандаи  мусулмонон  ва  фарзандони онҳо  расад.  Вай  ҳамчунин  изҳор  дошт, ки  намоиши   чунин  наворҳо  обрӯи  созмони  террористиро   паст  мезанад.
Силоҳбадастони «Давлати  исломӣ» наворҳоеро борҳо   намоиш  доданд, ки  дар  онҳо  лаҳзаҳои қатли шаҳрвандон  ва  хидматчиёни  ҳарбӣ  тасвир  ёфтаанд.
Яке  аз   наворҳои  охирин аввали  моҳи  июл  намоиш дода шуда буд.  Дар  он   манзараи сарбозони  дар  Палмира  асирафтодаи  Сурияро оташборон  кардани наврасон  тасвир  ёфтааст.
Террористон  ҳамчунин ҳолатҳои  ба  қатл  расонидани  гаравгонони  хориҷиро ба навор  гирифтанд.  Шаҳрвандони  Ҷопон Кэндзи  Гото ва   Ҳаруна  Юкава, Ҷеймс Фоули,  Стивен Сотлофф  ва   Питер Кэссинги амрикоӣ, ҳамчунин Алан  Ҳеннинг ва  Дэвид  Ҳейнси британиёӣ аз  дасти силоҳбадастон  кушта  шуданд.

Июль 20, 2015 06:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа