С. Давлатзода: «Бо мақсади танзими маросим беш аз 10 ҳазор санҷиш гузаронидем»
Душанбе, 07.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмўъ 10413 санҷиш гузаронида шудааст. Аз ин шумора 52 санҷиш дар шаҳри Душанбе, 380 адад дар ВМКБ, 1941 адад дар вилояти Суғд, 4178 адад дар Хатлон, 3862 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сурат гирифтааст,- хабар дод раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 7 июл дар нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки аз тарафи Кумита дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 20 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар ҳудуди ҷумҳурӣ 249 ҳолати нақзи қонун ба қайд гирифта шуда, вобаста ба он аз ҷониби комиссияҳои доимӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳо ирсол гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






